Бо ибтикори кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ санаи 19-уми феврали соли равон дар арафаи таҷлили 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки туҳфа аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ба мудирон ва сардорону кормандони шуъбаҳои ДДМИТ тақдим гардид.

Аксияи мазкур бори дуюм аст, ки дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ҳадафи асосии он ошноии бештари аҳли донишгоҳ бо гузаштаи пурифтихори худ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти худогоҳиву худшиносии донишҷӯёну омӯзгорон мебошад.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ дар назар дорад, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, дар рушду нумуи маънавӣ ва фарҳангии донишгоҳ саҳми бештар гузорад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия