Санаи 19 феврали соли равон бо ташаббуси факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ ба истиқболи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими амнияти кишвар” чорабинии сиёсӣ-идеологӣ доир гардид.

Сараввал меҳмонон ва ширкаткунандагони чорабинӣ аз намоиши маҳсулоти дастидӯзи донишҷӯёни факултет ва ороиши толор, ки бо маҳорати баланд ва моҳиронаву хушсалиқа омода шуда буд, дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.

Маҳфилро декани факултет Ёрибек Тилабов оғоз бахшида, таҷлил аз Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро рамзи пойдории давлатдорӣ ва яке аз рукнҳои муҳими истиқлоли миллӣ арзёбӣ намуд ва афзуд, ки ҳоло Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди ҳарбӣ, балки кафили субот, амният ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ мебошад.

Мавсуф дар идома зикр намуд, ки дар остонаи ин санаи таърихӣ ҳар фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеши назар мегузорад. Омӯзиши таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои насли наврас аҳамияти бузург дорад, зеро афсарону сарбозоне, ки дар он солҳо қарзи ватандӯстиро садоқатмандона иҷро карданд, сабақи таърихӣ ва намунаи шуҷоат барои ҷавонони имрӯз мебошанд.

“Мо метавонем бо итминон иброз намоем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба неруи боэътимоде табдил ёфтааст, ки қодир аст истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатро ҳифз намояд. Мардуми ҷумҳурӣ дар симои он сипари устувори Ватанро мебинанд ва бо боварӣ ба ояндаи осоишта қадам мегузоранд”, - иброз дошт Ёрибек Тилабов.

Муовини ректори ДДМИТ оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова низ аз мактаби тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ будани Артиши миллӣ суҳбат ороста, илова намуд, ки новобаста ба он ки имрӯз Артиши миллӣ  на танҳо нерӯи мудофиавӣ, балки рамзи ифтихор ва қудрати миллӣ мебошад, вале ба ин нигоҳ накарда, азбаски ҷаҳони муосир пур аз таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуб гардидааст, бинобар ин, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар шахс метавонад манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намояд. Аз ин рӯ, дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани насли ҷавон вазифаи ҷонии ҳар шахс аст. Дар навбати худ мо - ҷавонони саодатманди замони истиқлол тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона месозем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ барои ояндаи неки ҷумҳуриамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Сипас, сардори Раёсат оид ба тарбия Сиёвуш Ҳабибов дар баромади худ  аз нақши Пешвои миллат дар таъсису такомули Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сухан ронда, изҳор намуд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар ба таъсиси Артиши миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар суханрониашон зимни чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд: “Мо ин ниҳоди муҳими давлатиро дар як муддати кутоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем. Мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ...”

Бо иқдомҳои минбаъдаи худ Сарвари давлат ҷиҳати ташаккулу такомули иқтидори мудофиавии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи он аз тамоми имкониятҳоро истифода намуда, баҳри омода намудани ҳайати кадрӣ академияю донишкадаҳо ва литсейю гимназияҳои соҳавӣ кушода, ҷузъу томҳои ҳарбиро бо ҳазорҳо афсарону сарбозон таъмин намуданд. Дар баробари ин, дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ ҷузъу томҳои гуногун таъсис ёфта, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Ин аст, ки давоми 33 - соли сипаришуда Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо ифтихори баланди ватандорӣ дар таъмини дастовардҳои зиёд ва бехатарии ҷомеа саҳми содиқонаи хешро гузошта истодаанд.

Аз ин ҷост, ки Қувваи Мусаллаҳи кишвар аз замони таъсисёбиаш ҳифзи давлату шарҳрвандонро шабонарӯзӣ таъмин менамояд. Мо ҷавонон ҷоннисариҳои сарбозону афсарони қувваҳои мусаллаҳро қадрдонӣ намуда, ба ҷавононмардоне, ки ҷони худро баҳри ҳимояи марзу бум ва ватану миллат дареғ намедоранд, сари таъзим фуруд меорем. Ва ифтихор мекунем, ки бо гузашти 33- сол ин иди миллӣ дар шароите таҷлил мегардад, ки ҷузъу томҳои Артиши миллиамон дар баробари рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат, бо яке аз сохторҳои низомии пешрафтаю қудратманди минтақа табдил ёфт ва дилпурона дар хизмати содиқонаи халқу Ватан ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азизамон қарор доранд.

Афсари собиқадор ва мудири бахши ҳуқуқи донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов перомуни нақши Артиши миллӣ дар пойдориву бақои давлату миллат, ҳифзи сарҳад ва амнияти ҷомеа баромад намуда, афзуд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини ҷашни 23 феврал – тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, махсусан миёни ҷавонон мебошад. Дар ин рӯз муҳим аст, ки ба насли наврас аҳамияти баланди ватандӯстиро фаҳмонем ва онҳоро ба ҳимояи Ватан ташвиқ намоем. Маҳз чунин ҷашнҳо барои ташаккули руҳияи ватандӯстии шахс нақши бузург мебозанд. Ҳамин тавр, 23 феврал на танҳо рамзи муҳаббати самимӣ ба Ватан, балки нишони омодагӣ ба ҳифзи он мебошад.

Мавсуф дар фароварди сухан аҳли толорро бо Рӯзи ҳимоятгарони Ватан муборакбод намуда, ба ҷавонон хизмати шоиставу сарбаландона ва ба Ватани маҳбубамон – шукуфоӣ таманно намуд.

Дар бахши саволу ҷавоб вобаста ба мавзуи Артиши миллӣ донишҷӯёни ғолиб аз ҷониби садорати ҷакултет ва раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар охир аз баҳри болидагии хотири ҳозирин аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангии хотирмону дилнишин, ки аз шеърхонӣ, рақсу суруд ва саҳначаи ҳаҷвии вобаста ба мавзуи маҳфил иборат буд,  пешниҳод гардонида шуд.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ