Рӯзи 18-уми феврали соли 2026 байни раёсати ДДМИТ ва Директори генералии ширкати суғуртавии “БИМА-insurance” Неъматҷон Ҷалолидинов шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Минбаъд бар асоси ин шартнома донишҷӯёни ихтисоси суғурта таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар ин муассиса ба роҳ хоҳанд монд. Илова бар ин, дар доираи шартнома, мутахассисон аз ширкати суғуртавии БИММА дар донишгоҳ ба донишҷӯён семинар ва мизҳои мудавварро доир менамоянд. Инчунин, ширкати суғуртавии БИММА дар доираи шартномаи амалкунанда тасмим гирифтааст, ки донишҷӯёни ихтисоси суғуртаро бо ҷойи корӣ таъмин намояд.

Кафедраи андозбандӣ ва суғурта талош дорад, то дар оянда низ ба масъалаи густариши равобит бо дигар муассисаҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ  аҳамияти хоса зоҳир намояд ва бо ин роҳ дар беҳдошти низоми таҳсилот ва махсусан, дар самти ҳавасмандгардонии донишҷӯён барои интихоби ихтисосҳо саҳмгузор бошад. Ҳамзамон, ҷиҳати рушду густариши муносибат байни муассисаҳои олии касбии кишвар бо корхонаҳои дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ фаъолияткунанда ҳамкориҳои пайвастаро ба роҳ мондааст.

Лозим ба ёдоварист, ки масъалаи равнақи равобит байни илм ва истеҳсолот аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст. Зеро бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ, рушди иқтисодӣ ва соҳаҳои мухталифи он дар асоси чунин ҳамгироӣ ба вуқуъ мепайвандад. Бинобар ин, бо назардошти муҳимияти тавсеабахшии ин раванд, кафедраи андозбандӣ ва суғурта кӯшиш бар дорад, то вобаста ба имконоти мавҷуда ҳамкориҳоро дар ин самт тақвият бахшад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия