Санаи 18-уми феврали соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили илмӣ-амалии «Зеҳн» таҳти унвони «Инкишофи иқтисодиёти сабз ва ҷанбаҳои ҳуқуқии он: ҳолати умумӣ ва дурнамо» баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қудбиддин Муқимов аҳамияти иқтисодиёти сабзро дар рушди устувори кишвар ва зарурати таҳқиқи илмии ин самтро таъкид кард. Номбурда қайд намуд, ки гузариш ба иқтисоди сабз яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлат дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти экологӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас, як қатор олимону мутахассисони соҳа бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд, Аз ҷумла, И. Раҳимзода, мудири кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Иқтисоди сабзи Тоҷикистон: вазъи ҳозира ва рушди оянда» андешаронӣ карда, ба таҷрибаи ҷумҳурӣ дар самти истифодаи технологияҳои тоза, сарфакории захираҳо ва нақши лоиҳаҳои “энергияи сабз” ишора намуд.

У. Меликов, намояндаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бошад, бо маъруза дар мавзуи «Ҳуқуқи иттилоотӣ дар низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот, ҳифзи маълумоти экологӣ ва нақши онро дар рушди устувор баррасӣ кард.

Инчунин, Ф. Ҷабборов, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамчун заминаи иқтисодиёти сабз» суханронӣ намуда, аҳамияти захираҳои обӣ ва ҳамкориҳои минтақавиро барои рушди иқтисоди сабз махсус таъкид кард.

Дар қисмати муҳокима профессор Ҷ. Бобозода, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ суханронӣ намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқиву иқтисодии мавзуъро таҳлил карда, зарурати таҳияи пешниҳодҳои амалӣ барои рушди иқтисодиёти сабзро таъкид намуд.

Дар ҷамъбасти маҳфил декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Н. Умарзода ба меҳмонон ва иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва суханрониҳои арзанда изҳори миннатдорӣ баён кард. Ӯ гуфт, ки чунин маҳфилҳои илмӣ барои боло бурдани сатҳи дониши донишҷӯён ва густариши ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ муҳиманд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия