18 феврали соли 2026 дар толори конфронсии ДДМИТ семинари илмӣ таҳти унвони «Erasmus+ дар Тоҷикистон: рушди байналмилалии таҳсилоти олӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров, профессорону омӯзгорон, деканон, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни фаъол доир карда шуд.

Нахуст муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби донишгоҳ ба барномаҳои аврупоӣ таъкид гардид.

Дар идома ҳамоҳангсози барномаи Erasmus+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода дар бораи имкониятҳои васеи барномаи Erasmus+, самтҳои афзалиятноки он ва нақши барнома дар ҷаҳонишавии таҳсилоти олӣ маъруза намуд. Номбурда махсусан ба имкониятҳои иштирок дар лоиҳаҳои Capacity Building, табодули академӣ ва грантҳои инфиродӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Сипас, Аҳрор Ҷафаров, аъзои гурӯҳи коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олии барномаи Erasmus+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба барномаҳои рушди иқтидор (CBHE) ва таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ суханронӣ кард. Дар баромад аҳамияти баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори илмӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон зикр гардид.

Ҳамчунин, менеҷери барномаи Erasmus+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарангез Умарова оид ба тартиби пешниҳоди дархостҳо, талаботҳои техникӣ ва муҳлатҳои пешниҳоди лоиҳаҳо маълумоти муфассал дод.

Дар қисмати саволу ҷавоб иштирокчиён доир ба шартҳои иштирок, имкониятҳои донишҷӯён, маблағгузорӣ ва тартиби интихоби иштирокчиён саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Инчунин, иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо барномаи Erasmus+ ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак изҳор доштанд.

Семинар дар фазои созанда ва ҳамкории судманд баргузор гардида, барои рушди фаъолияти байналмилалии донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам овард.

Erasmus+ барномаи Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки ба дастгирии лоиҳаҳои мухталиф, шарикӣ, чорабиниҳо ва ҳаракат дар соҳаҳои маориф, омӯзиш (тайёрии касбӣ), ҷавонон ва варзиш равона карда шудааст.

Барнома имкониятҳои маблағгузории ҳамкорӣ дар ҳамаи ин соҳаҳоро байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) фароҳам меорад. Он дорои ҷанбаи хоси байналмилалӣ буда, ба ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон мусоидат мекунад, ки бевосита пешбурди фаъолияти барномаи мазкурро дар кишварҳои мо низ талаб мекунад.

Тоҷикистон аз соли 2018 иштирокчии барномаи Erasmus+ буда, ҳадафҳо ва афзалиятҳои онро тавассути Дафтари миллии Erasmus+ (NEO) дар Тоҷикистон таблиғ менамояд.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ