ВОХӮРӢ ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
Санаи 17 -уми феврали соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ ва бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ, дар миёни донишҷӯдухтарони истиқоматкунандагони хобгоҳи донишгоҳ дар мавзуъҳои пешгирии терроризм, экстремизм ва ҳимояи арзишҳои миллӣ ҷаласаи васеъ доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амният, истиқлолият ва суботи давлатҳо ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст.
Чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии паҳншавии маводи ифротӣ ва тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти ниҳодҳои дахлдор ба шумор мераванд.
Дар идома сармутахассиси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова ва мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарон Маҳбуба Ғаффорова қайд намуданд, ки нақши муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҷаҳонбинии солим ва устувории идеологӣ аҳамияти хос дорад. Баланд бардоштани саводи расонаӣ ва динӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, фарқ миёни арзишҳои аслии миллӣ ва ғояҳои бегонаву тундравро дуруст дарк намоянд.
Ҳамзамон, ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либоси миллӣ, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ, омили муҳими таҳкими ваҳдати ҷомеа мебошад. Либоси миллӣ рамзи таърих, суннатҳои фарҳангӣ ва зебоипарастии мардум буда, арҷгузорӣ ба он ба болоравии ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмуъ, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон заминаи боэътимоди рушди устувори давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Танҳо бо талошҳои муштарак метавон фазои ором, созанда ва бехатарро барои наслҳои имрӯзаву оянда таъмин намуд.
Маҳбуба ҒАФФОРОВА,
мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng