Санаи 18-уми феврали соли равон дар кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷўён «Барномасози ҷавон» таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Бахтовар Давлатзода дар мавзуи «Истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ дар соҳаи нақлиёт» доир гардид.

Дар маҳфил Нуриддин Юсупов, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-98010101 - амнияти компютерӣ ва Назирҷон Тилабов, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-25011200 - информатикаи иқтисодӣ бо истифода аз слайдҳо баромад намуданд.

Дар охир пешниҳод карда шуд, ки ҷорӣ намудани низоми маниторинги GPS дар воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ бо мақсади самти ҳаракат, таъмини риояи хатсайрҳои муқарраргардида ва баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва самаранокии хизматрасонӣ мусоидат менамояд. Ин низом имкон медиҳад, ки ҳаракати нақлиёт дар вақти воқеӣ пайгирӣ гардида, таваққуф танҳо дар истгоҳҳо амалӣ карда шавад. Дар натиҷа, интизоми нақлиёт беҳтар гардида, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва идоракунии шабакаи нақлиётӣ самаранок мегардад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия