Ҳамасола дар сартосари ҷумҳурӣ 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ва бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ба ин хотир, 18-уми феврали соли равон дар факултети молия ва қарзи ДДМИТ чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид.

Сараввал, декани факултети молия ва қарз Баҳодур Ҷӯрахонзода ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, илова кард, ки ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз қарзи ҳар як ҷавонмард ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мактаби зиндагӣ ва мардонагӣ аст. Дар муддати 33 соли таърихӣ ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ба неруи қудратманди низомӣ ва муҳофизи сулҳу субот табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.

Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳзода Ғаффорова дар идома изҳор намуд, ки Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорон саҳми сазовор гузоштааст.

Чорабинӣ дар фазои ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Тағоймурод ЭШЗОДА