ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - МАКТАБИ ЗИНДАГӢ
Санаи 17-уми феврали соли равон бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии ДДМИТ дар ҳамбастагӣ бо раёсати ташкилию тарбиявӣ ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид.
Декани факултет София Темурбекова ҳамоишро оғоз намуда, афзуд, ки тули 33 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлол хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд. Инчунин, номбурда иброз намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди ватандор қарз аст.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова бошад, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, яке аз дастовардҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро таъмини сулҳу субот, осоиштагии мардум ва рушди бемайлони кишвари азизамон аз сипари боэътимоди Ватан вобастагии амиқ дорад. Бо шарофати ҷоннисориву корнамоиҳои ин ҳомиёни Ватан ҳар як сокини кишвар дар фазои осоишта ва эмин аз ҳар гуна хавфу хатар зиндагӣ ва фаъолият доранд.
Дар охир раиси собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов кулли ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, илова кард, ки ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз қарзи ҳар як ҷавонмард ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонагӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, ҳамоиш дар фазои ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng