САДОҚАТ БА ВАТАН АЗ ҚАСАМ ОҒОЗ МЕГИРАД ВА БО АМАЛ СОБИТ МЕШАВАД!
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ, рӯзи 17-уми феврали соли равон бо ташаббуси факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ ҳамоиши тарбиявӣ-фарҳангӣ зери унвони “Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат: 33 соли таҷриба ва рушд” доир гардид.
Нахуст, декани факултет Мастура Буриева ҳозиринро ба ифтихори яке аз санаҳои муҳими таърихӣ - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки Артиши миллӣ, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфта, имрӯз як неруи мустақилу қавӣ ва кафили суботи давлат ба ҳисоб меравад.
- Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҳоло ҳамчун як кафили суботи амният ва оромии ҷамъият баромад менамояд. Таърихи таъсис ва ташаккули он ба замоне ки кишвари мо як марҳилаи ҳассоси давлатдориро пушти сар карда буд, рост меояд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд бо иродаи қавӣ ва ҳисси масъулият заминаи ташкили Артиши миллӣ гузошта шуд, ки имрӯз афсарону сарбозони Ватан бо садоқат хизмат намуда, баҳри ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти шаҳрвандон талош менамоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳифзи марзу буми кишвари азизамон ин вазифаи танҳо вазифаи низомиён нест. Ин вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонуфуз ва бонанги кишвари азизамон ба ҳисоб меравад. - гуфт М. Буриева.
Баромадкунанда дар идома афзуд, ки тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ низ дар ин самт саҳмгузор мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди худшиносии миллӣ, эҳтиром ба Қонуни асосӣ ва садоқат ба давлату Ватан тарбия намоем.
Дар идома, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова суханронӣ намуда, тамоми устодонро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод гуфта, дар симои онҳо тамоми ҷавононеро, ки дар оянда саҳми худро дар ҳифзи диёр ва хизмат ба Ватан-модар мегузоранд, табрик намуд.
Ба андешаи мавсуф, ҳифзи Ватанро метавон дар пос доштани анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои тоҷикона, ҳифзи сару либоси тоҷикӣ ва маърифату мафкураи тоҷикона баён намоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва ба суботе, ки имрӯз мову шумо умр ба сар мебарем, талошҳои зиёд намудааст. Имрӯзҳо ватан ва миллати тоҷик дорои ҷавонмардоне аст, ки ҷони худро дареғ надошта, дар ҳифзи Ватан-модар саҳм мегузоранд.
Сипас, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ Сайдалӣ Ҳайитов аз марҳилаҳои ташаккули Артиши миллӣ ёдовар шуда, афзуд, ки бо ибтикору сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ дар як майдони холӣ таъсис дода шуда, имрӯз бо техникаву таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст.
Сайдалӣ Ҳайитов бо ифтихор зикр кард, ки таҳти Парчами миллӣ ва навои Суруди миллӣ халқ орому осуда зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин, бо ёдоварӣ аз аҳамияти ин рӯз иттилоъ дод, ки дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ 7 нафар собиқ кормандони ҳарбӣ ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғуланд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш донишҷӯён баромадҳои саршори ватандӯстона, суруд, мусиқӣ, шеърхонӣ ва саҳначаи ҳаҷвиро манзури ҳозирин гардониданд. Дар анҷом аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Бародарони ҳамяроқ» ба чанде аз устодони факултет сипосномаҳо ва аз тарафи садорати факултет ба чанде аз устодон ва донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng