Санаи 16-уми феврали соли равон дар китобхонаи илмии ДДМИТ семинари илмӣ-методии назди кафедраи фанҳои табиатшиносӣ дар мавзуи “Коркарди партовҳои маишӣ ва саноатӣ дар рушди технологияи муосир” доир гардид.

Муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Ф. Раҳимов дар бораи рушди иқтисоди сабз, ки барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат мекунад, маълумот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки тафовути асосии рушди иқтисоди сабз бо якҷоягии ҷараёни биологӣ сахт алоқаманд буда, маҳсулот дар шакли аввала бо сарфи меҳнати инсон истеҳсол мегардад.

Дар муҳокима устоди кафедра А. Сулаймонов оид ба нишондиҳандаҳои самт ва соҳаи технология ва коркарди партовҳо ибрози андеша намуд. Дар фарҷоми семинар сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифзода, муаллимон Р. Яқубов ва В. Орифҷонова оид ба коркарди партовҳои маишӣ ва саноатӣ таҳлилҳои ҷолиб карданд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия