Бо ташаббуси факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов аҳамияти таъсис ва рушди Артиши миллӣ, нақши он дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи истиқлол ва амнияти кишварро махсус таъкид намуд.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов масъалаҳои тарбияи кадрҳои соҳибтахассус, рушди тафаккури илмӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавононро дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ кард. Қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ омили муҳими таҳкими амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Баъдан, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Сайдалӣ Ҳаитов доир ба асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, уҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандон оид ба ҳифзи Ватан ва меъёрҳои қонунгузории марбут ба хизмати ҳарбӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар идома омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Ҷумъа Махшул дар мавзуи нақши адабиёт ва сухани бадеӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки тарбияи маънавии ҷавонон заминаи устувори ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.

Инчунин, сардори раёсати ташкиливу тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов оид ба нақши корҳои тарбиявӣ дар ташаккули шахсияти ватандӯст, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати содиқона ба Ватан суханронӣ намуда, таъкид кард, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаи таҳсилоти олӣ ба шумор меравад.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои суруд дар васфи Ватан ва хизмати ҳарбӣ аз ҷониби донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-25010407 - молия ва қарз анҷом пазируфт, ки ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, фазои рӯҳбаландӣ ва ифтихори миллиро тақвият дод.

Дар маҷмуъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён мусоидат намуд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия