МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ҲИСОБДОРОНИ ҶАВОН”
Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи маҳфили илмии донишҷӯён “Ҳисобдорони ҷавон”-и кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ, 16-уми феврали соли равон маҳфили навбатӣ доир гардид, ки дар он мудири кафедра Бобомурод Бобомуродов, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Рухшона Нурмаҳмадова ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Б. Бобомуродов қайд намуд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақамикунонии равандҳо, баҳисобгирии муҳосибӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз пояҳои асосии идоракунии молиявӣ табдил ёфтааст. Он на танҳо воситаи сабти амалиётҳои хоҷагидорӣ, балки манбаи муҳими қабули қарорҳои иқтисодӣ мебошад.
Дар замони муосир, технологияҳои рақамӣ (барномаҳои муҳосибӣ, ҳисоботи электронӣ, блокчейнҳо) нақши калидӣ доранд. Онҳо дақиқӣ, суръат ва амнияти иттилоотро баланд мебардоранд. Муҳосибон имрӯз на танҳо сабткунанда, балки таҳлилгар ва мушовири молиявӣ низ ҳастанд.
Баъдан, муаллими калони кафедра Рухсора Шарифова дар мавзуи «Асосҳои назариявии тавозуни муҳосибӣ» ва донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-25010803 Шамшод Холов ва Мақсуд Эргашов дар мавзуъҳои «Талабот ба ҳисобгирии муҳосибӣ ва мавқеи он дар низоми идоракунӣ» ва «Мафҳуми умумии тавозуни муҳосибӣ» бо маърузаҳо баромад намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng