Рӯзи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар донишгоҳ муовини якуми раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Тахмина Амирзода, судяҳои ин суд Бегиҷон Зарифзода, Мавҷуда Қосимзода, Саидаъзам Файзуллозода ва мушовири суд Обидҷон Кенҷазода бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба масъалаи муҳими рӯз, аз ҷумла муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ анҷом доданд.

Сараввал муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова меҳмононро хушомадед гуфта, баргузории чунин вохӯриҳоро судманд ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Намояндагони Суди ноҳияи Сино дар баромадҳояшон ҳадафҳои асосии ташаббусҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакатро барои омӯзгорон ва донишҷӯён шарҳу тавзеҳ дода, иброз доштанд, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокинони кишвар мебошад.

Дар анҷоми мулоқот суҳбати озод сурат гирифта, судяҳои Суди ноҳияи Сино ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас доданд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия