Рӯзи 17-уми феврали соли равон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи илмии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ» доир гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ, дотсент Манучеҳр Диловаров қайд кард, ки имрӯзҳо Артиши миллӣ ба мактаби воқеии зиндагӣ, мардонагӣ ва ҷасорат табдил ёфта, рисолати аслии он ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад.

Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат, сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни соли аввали факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ дар бораи Рӯзи Артиши миллӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо истифода аз слайдҳо баромадҳои пурмуҳтаво намуда, расмҳои кашидаи худро низ дар ин мавзуъ пешкаш намуданд.

Дар охир сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода ба муҳтавои мавзуъҳои баррасишуда ва расмҳои донишҷӯён баҳои баланд дода, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ба Ватан-модар ҳамеша содиқ бимонанд.

Тағоймурод ЭШЗОДА