Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи садорати факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ оид ба баргузории маҳфили илмии донишҷӯён, 17-уми феврали соли равон маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Таъсири тағйирёбии иқлим ба идоракунии захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери роҳбарии дотсенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Нигина Абдумухторзода доир гардид.

Пасон, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода оид ба муҳтавои маҳфил фикру мулоҳизаҳояшро баён дошта, қайд кард, ки имрӯзҳо баргузории маҳфилу чорабиниҳои илмӣ дар меҳвари фаъолияти раёсати донишгоҳ қарор дорад ва боварии комил дорем, ки минбаъд низ маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар факултет чунин фаъол ба роҳ монда мешавад.

- Пешниҳоду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши хатарҳои экологӣ, ки яке аз мушкилоти глобалии ҷаҳони имрӯз буда, дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор доранд, дар самти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун иқдомҳои ниҳоят зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ мегарданд, - гуфт сардори раёсат.

Сипас, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-25010728 - иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурду миёна Салмон Мақсадуллозода дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба табиат” баромад карда, иброз дошт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ, аллакай имрӯз оқибатҳои манфии таъсири тағйироти иқлимиро эҳсос менамояд. Ҳарчи бештар солҳои боришоти зиёд ва хушксолиҳо, ҳарорати баланди ҳаво дар фасли тобистон ва хунукиҳои дарозмуддат дар зимистон мушоҳида мешаванд.

Бар замми ин, дар солҳои оянда зиёд шудани аҳолии минтақа ба таври назаррас аз эҳтимол дур нест. Аз ин сабаб, омили мазкур зарурати андешидани чораҳои иловагиро ҷиҳати рушди иқтисодиёт, аз ҷумла бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маводи ғизоӣ ва неруи барқ ба миён меоварад.

Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-25010728 - иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурду миёна Ҳуснбону Пириева дар мавзуи “Ҳолат ва вазъи захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза карда, илова кард, ки имрӯзҳо яке аз проблемаи муҳим, рӯзмарра ва дар айни замон ҳалталаб истифодаи самараноки захираҳои обӣ ба ҳисоб меравад. Ин албатта, беҳуда нест, зеро ки имрӯзҳо натанҳо норасоии захираҳои об дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ баръало ба мушоҳида мерасад.

Дар анҷоми маҳфил ассистенти кафедра Абутолиб Акобирзода ба музокира баромад намуда, фикру андешаҳои худро дар бораи маҳфил баён намуд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия