Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи садорати факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ оид ба баргузории маҳфили илмии донишҷӯён, 13-уми феврали соли равон маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Таъмини бехатарии обию энергетикӣ - самти муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ ва ҳолат ва вазъи захираҳои обию энергетикии ҷумҳурӣ» зери роҳбарии омӯзгори кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ Р. Фозилов доир гардид.
Р. Фозилов қайд кард, ки иқтисоди миллӣ ҳамчун пояи асосии тараққиёти ҳар як давлат, нақши муҳимеро дар таъмини устувории ҷомеа ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об аст ва қодир аст, ки неруи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромаднок ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир мекунад.
Сипас, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-260101 - идораи давлатӣ Фарзона Насридинова дар мавзуи “Таъмини бехатарии обию энергетикӣ - самти муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ” баромад карда, иброз дошт, ки иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии энергетикии Тоҷикистон ба захираҳои мавҷуда асос меёбад.
Инчунин, маърузаи донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-260101 - идораи давлатӣ Муслиҳиддин Мирзозода дар мавзуи “Ҳолат ва вазъи захираҳои обию энергетикии ҷумҳурӣ” шунида шуд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои об нисбатан бой буда, зиёда аз 55.4 % сарчашмаи ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди Тоҷикистон рост меояд. Ин захираҳо бо пиряхҳо, ки 8%-и ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифтааст, якҷоя шуда захираҳои бузурги оби тозаро ташкил медиҳанд, ки он дар ҳаҷми 845 млрд метри кубӣ арзёбӣ мегардад.
 
Шуъбаи иттилоот ва нашрия