Санаи 16-уми феврали соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи раёсати тарбия М. Давлатова, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, доктор PhD, дотсент С. Шарипов устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон С. Шарипов қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва шарҳу тавзеҳи моҳияти тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур мебошад. Ӯ таъкид дошт, ки риояи талаботи қонун ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ нигаронида шудааст.
Баъдан, устоди донишгоҳ Ҳ. Носиров моҳияти тағйироти охиринро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода, баён дошт, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, барои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз хурофоту таассуб нигаронида шудаанд.
Номбурда доир ба меъёрҳои муайяншудаи баргузории тӯи домодию арӯсӣ, маросими азодорӣ ва дигар ҷашнҳои оилавӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки риояи қатъии вақт ва шумораи даъватшавандагон аз ҷониби қонун талаб карда мешавад.
Дар фарҷом Ҳ. Носиров илова кард, ки мақсади ниҳоии қонун на манъ кардани ҷашну маросимҳо, балки ба низом даровардани онҳо ва пешгирӣ аз хароҷоти беҳудае мебошад, ки боиси паст шудани сатҳи некуаҳволии оилаҳо мегардад.
Дар қисмати музокира намояндаи раёсати тарбия М. Давлатова ва муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Г. Хоҷахонова иброз доштанд, ки насли ҷавон бояд дар татбиқи ин қонун намунаи ибрат бошад ва аз исрофкориҳои бемавқеъ худдорӣ намояд.
 
Шуъбаи иттилоот ва нашрия