ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ БАҲРИ РУШД
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ дар бораи мазмуну аҳаммияти Паёми навбатии Пешвои миллат ҷамъомад доир гардид.
Нахуст, декани факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ Қаландар Сафаров дар шарҳи худ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуд, ки ин санад ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо ҳамаи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро фаро гирифта, барои пешбурди фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дастурамали мукаммал ба ҳисоб меравад.
- Санаи 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлилҳои саҳеҳу асоснок пешниҳод карда, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоиро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса намуд. Дастовардҳои кишвар ҳамчун натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми меҳнатдӯсти Тоҷикистон арзёбӣ гардид, - гуфт Қ. Сафаров.
Сипас, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров дар бораи масъалаҳои рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар суханронӣ намуд.
Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати сарнавиштсозест, ки дар заминаи он барномаҳо ва нақшаҳои нави давлатӣ таҳия мешаванд. Дар он вазифаҳои муҳими минбаъда барои рушди кишвар, аз ҷумла ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои нав, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ муайян карда шудаанд
Сайфулло Сафаров таъкид карданд, ки ки Паёми Пешвои миллат на танҳо гузориши солона, балки рисолати стратегии давлат аст. Он роҳнамоест барои рушди устувор, таҳкими амният, боло бурдани иқтидори иқтисодӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди иҷтимоӣ. Паёми Роҳбари давлат ҳамаи шаҳрвандонро ба масъулиятшиносӣ ва иштирок дар рушди минбаъдаи давлат ҳидоят менамояд.
Дар охир мулоҳиза сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng