Рӯзи 16-уми феврал бо мақсади дарёфти ҷеҳраҳои нави лаёқатманд, соҳибмаърифату ташаббускор, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеяи ихтирокорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм ба истеҳсолот даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» доир гардид.

Дар натиҷа, комиссия дар бахши ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ Ҷамрод Бобозода, дар бахши педагогика, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саъдулло Носиров, дар бахши иқтисодиёт, профессори кафедраи молия Манзура Кошонова, дар бахши кишоварзӣ, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор Рустам Раҳматзода ва дар бахши математика, профессори кафедраи математикаи олӣ Бобомурод Шарипов пешниҳод карда шуданд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин нафарон дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб шуда, обрӯи донишгоҳи моро баланд мебардоранд.

Тағоймурод ЭШЗОДА