Бо ҳадафи боло бурдани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маҳоратҳои зеҳнии ҷавонони мамлакат дар саросари кишвар ҳамасола озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мегарданд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён мебошад, ки бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар рушди иқтидори илмӣ ва дарёфти чеҳраҳои болаёқат нақши муассир мегузорад.

Рӯзи 16 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври донишгоҳии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни факултетҳо оғоз гардид, ки то 18 феврал идома меёбад. Ин иқдом бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, бедор кардани шавқу рағбат ба илм, рушди тафаккури таҳлилӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ сурат гирифта, муҳити созандаи рақобати солимро барои донишҷӯён фароҳам овардааст.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов зимни суханронии худ таъкид намуд, ки мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни асосӣ, аз ҷумла химия, биология, география ва геология, физика ва астрономия, технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, назарияи иқтисодӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ иштирок хоҳанд кард, ки ҷиҳати муайян кардани ғолибони даври донишгоҳӣ комиссияи махсус таъсис ёфтааст.

Қутбиддин Муқимов зикр кард, ки: «Музаффарияти донишҷӯён натиҷаи меҳнати пайвастаи онҳо ва роҳбарони илмияшон аст. Ин дастовардҳо на танҳо сатҳу сифати таълимро инъикос мекунанд, балки ҷойгоҳи донишгоҳро миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ боз ҳам боло мебардоранд».

Дар идома, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Хуршед Насриддинов ва устоди кафедраи забони русӣ Ҷумъа Махшул иштирок дар чунин олимпиадаҳоро барои такмили дониши илмӣ ва рушди иқтидори эҷодии донишҷӯён басо муҳим арзёбӣ намуданд. Онҳо ба иштирокчиён комёбиҳои нав ва сарбаландӣ таманно карданд.

Наврӯз ҶОБИРОВ