Рӯзи 14-уми феврали соли 2026 дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Пас аз садо додани Суруди миллӣ, ҳайати факултет Савганди ҳарбиро ҳамчун рамзи дохил гардидан ба сафи муҳофизони Ватан ироа намуданд.

Декани факултет Қаландар Сафаров дар суханронии табрикотии худ таъкид кард, ки дар шароити басо ҳассоси солҳои аввалини истиқлолият, бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии кишвар бунёд ёфт. Артиши миллӣ аз рӯзҳои аввал то имрӯз дар барқарории сулҳу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат нақши бузург гузоштааст.

Ба таъкиди баромадкунанда, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба як сохтори қавӣ ва боэътимод табдил ёфта, дар таъмини амният, ҳимояи марзу буми давлат, пешгирии таҳдидҳо ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми назаррас доранд. Ҳукумати мамлакат барои таҳкими иқтидори мудофиавӣ, омода намудани кадрҳои соҳибкасб, таъмини аскару афсарон бо техникаи муосири ҳарбӣ ва баргузор намудани машқҳои низомӣ пайваста чораҳои амалӣ меандешад.

Дар анҷоми суханрониаш Қаландар Сафаров изҳор дошт, ки сулҳу оромии кишвар бояд ҳамеша устувор монад ва ҳар як шаҳрванд барои пойдории ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат саҳми худро гузорад.

Сипас, Сайдалӣ Ҳайитов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ зимни баромадаш дар мавзуи “Артиши миллӣ - ҳомии марду бум ва кафили сулҳу субот” гуфт, ки Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки дар шароити пуртазоду мураккаби имрӯза зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ба гуфтаи С. Ҳайитов, густариши ҳаракатҳои тундрав ва дигар зуҳуроти номатлуб метавонад осоиши кишварро халалдор созад, аз ин рӯ, иттиҳоду сарҷамъӣ муҳимтарин омили суботи миллӣ мебошад.

- Ба ҳамин тартиб, ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ маҷмуи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳамаи гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд, - гуфт Сайдалӣ Ҳайитов.

Муҳаммадкарим Ҳусенов, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Бародарони ҳамяроқ» бо ёдоварӣ аз солҳои хизмат таъкид кард, ки ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба дӯши ҷавонони шуҷоъ ва ватанпарвар аст. Ҳар як ҷавон бояд дар хотир дошта бошад, ки муҳофизати озодию Истиқлоли давлат кори сода нест ва меҳнати шабонарӯзӣ, ҷасорату садоқат ва ҳисси баланди масъулиятро талаб мекунад.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ТҶ «Бародарони ҳамяроқ» ба устодони факултет: Қаландар Сафаров, Сунатулло Нуриддинов, Суҳроб Шукуров, Кароматуллои Маҳмадулло ва Фирдавс Абдуғафорзода сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Наврӯз ҶОБИРОВ