ТАҚДИМИ КИТОБ ВА ТАРҒИБИ КИТОБХОНӢ
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, ки ҳамасола 14-уми феврал дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад, санаи 14-уми феврали соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва китобхонаи илмии донишгоҳ ҷамъомад доир гардид.
Сараввал, муовини ректор илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ва муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон ба воситаи мутолиаи китоб изҳори андеша намуданд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки аҷдодони мо аз қадим бо китобу китобхонӣ арҷ гузошта, онро муқаддас медонистанд ва ин анъана то ба имрӯз омада расидааст.
Профессори кафедраи забони тоҷикӣ Наргис Аслонова аз «Намунаи адабиёти тоҷик» ва «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон дар самти мутолиаи китоб андешаҳои ҷолиб баён намуда, гуфт, ки китоб дӯст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон аст.
Бояд эътироф кард, ки баргузории як чунин чорабинии тақдими китоб барои дӯстдорони зарур буда, он барои тарбияи маънавии донишҷӯёну ҷавонони боистеъдод мусоидат менамояд.
Дар охири ҷамъомад устодон Ҷовидон Халифазода, Гулпарӣ Ҳусейнова, Ҷумъа Махшул, Азизулло Исматуллозода ва дигарон дар бораи муҳимияти китобу китобхонӣ андешаҳои худро баён намуда, ба китобхона ва донишҷӯёни фаъол китобҳо тақдим намуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng