ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР НИЗОМИ ЛОГИСТИКӢ
Тибқи нақшаи тартибдодашуда, 13-уми феврали соли равон дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ семинари донишгоҳӣ дар мавзуи “Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ” доир гардид, ки дар он муовини аввали директори КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Саъдӣ Одинаҳмад, машваратчии хориҷии ин марказ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷонатҳан Линус, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДМИТ Қутбиддин Муқимов ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутдиддин Муқимов қайд кард, ки яке аз масъалаи асосие, ки имрӯз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ин рақамикунонии тамоми соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ мебошад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 қайд гардида буд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Бинобар ин, ДДМИТ дар нақшаҳои машваратҳои илмӣ, аз қабили семинар, мизи мудаввар, зермаҳфили “Зеҳн” ва конференсияҳои сатҳҳои гуногун мавзуъҳоеро ҷой намудааст, ки ба самти иқтисоди рақамӣ равона гардидаанд.
Сипас, муовини аввали директори КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” Саъдӣ Зиёзода дар мавзуи “Рақамикунонии соҳаи нақлиёт” баромад карда, қайд намуд, ки таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ исбот намуд, ки рақамикунонии соҳаи нақлиёт аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таъмини бехатарӣ нақши муҳим мебозад. Истифодаи ин таҷриба барои расидан ба ҳадафҳои пешбининамудаи соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2022 “Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” таъсис дода шуд, ки мақсади асосии он ба таври электронӣ пешниҳод намудани хизматрасонӣ, коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ, саҳеҳ ва шаффоф ҷамъоварӣ намудани нишондиҳандаҳои оморӣ ва аз байн бурдани иқтисоди пинҳонӣ мебошад.
Баъдан, машваратчии КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” Ҷонатҳан Линус дар мавзуи «Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ» баромад намуда, қайд кард, ки вобаста ба имкониятҳои роҳандозишуда логистикаи рақамӣ дар маркази рақамикунонии нақлиёт айни замон корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, хизматрасонии субъектҳои хоҷагидори марбут ба соҳаи нақлиёт новобаста ба шакли моликият бо ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва телематикӣ дар як низом (E-transport) пешниҳод карда мешавад.
Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ исбот намуд, ки рақамикунонии соҳаи нақлиёт аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таъмини бехатарӣ нақши муҳим мебозад. Истифодаи ин таҷриба барои расидан ба ҳадафҳои пешбининамудаи соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Дар музокира декани факултет София Темурбекова, мудирони кафедраҳо Умар Воҳидов ва Фирдавс Соҳибов андешаҳои худро оид ба мавзуи баррасишаванда баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng