ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИШТИРОКЧИЁНИ КАСБИИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК
Бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ 13-уми феврал маҳфили илмии донишҷӯён тањти унвони “Таҳлили фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок” бо роҳбарии дотсент Р. Қараев баргузор гардид. Дар он сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода, мудири кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ Бахтиёр Хоҷаев ва устодони дигар иштирок намуданд.
Маҳфилро роҳбари маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра Фирӯз Раҳимзода муаррифӣ намуда, мавзуи матраҳгардидаро шарҳ дод. Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода оид ба муҳтавои маҳфил фикру мулоҳизаҳояшро баён дошта, қайд кард, ки имрӯзҳо баргузории маҳфилу чорабиниҳои илмӣ дар меҳвари фаъолияти раёсати донишгоҳ қарор дошта, дарёфти чеҳраҳои муваффақи илмӣ маҳз аз ин ҷо сарчашма мегирад.
Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010202 - иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ Хуршед Кишварзода дар бораи мавзуи маҳфил баромади пурмуҳтаво намуда, қайд кард, ки фаъолияти пурсамари бозори коғазҳои қиматнок бе корманди касбӣ номумкин аст. Дар шароити ҳозира зарур аст, ки тайёрии махсуси иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки тарафҳои иқтисодӣ, техникии корро донанд, ба миён меояд. Иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ашхоси ҳуқуқие мебошанд, ки барои амалӣ намудани як ё якчанд навъи фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок иҷозатнома доранд.
Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-25010408 - бозори фондӣ Сунатулло Давлатов бошад, афзуд, ки фаъолияти миёнаравӣ оид ба барориши коғазҳои қиматнок иборат аст. Миёнаравони фондӣ савдогароне мебошанд, ки алоқаро дар байни харидор ва фурӯшанда мустаҳкам месозанд. Брокер мутахассиси касбии бозори қоғазҳои қиматнок ба ҳисоб рафта, ҳангоми баста шудани аҳдномаҳо аз рӯи коғазҳои қиматнок ба сифати вакил ва далол баромад намуда, шартномаро аз ном ва ҳисоби муштарӣ ё ин ки аз номи худ ва аз ҳисоби муштарӣ мебандад.
Дар қисмати музокира мудири кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавӣ Бахтиёр Хоҷаев, устоди кафедра Нодир Солиев ва роҳбари маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра Фирӯз Раҳимзода баромад намуда, фикру андешаҳояшро ба таври ҷолиб баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng