МУҚОВИМАТ БО САВДОИ ОДАМОН - ВАЗИФАИ ҶОНИИ АҲЛИ БАШАР
Дар асоси нақшаи кории кафедраи забони русии донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни курси якуми ихтисоси кори бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ 13-уми феврали соли равон дар мавзуи «Муқовимат бо савдои одамон - вазифаи ҷонии аҳли башар» дарси сиёсиву тарбиявӣ доир гардид.
Муаллими калони кафедраи забони русии донишгоҳ Фарҳод Сафаров қайд намуд, ки бино ба иттилои коршиносон, савдои одамон дар баробари қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир сеюмин самти даромадноки ҷиноятҳои муташаккил маҳсуб меёбад.
- Имрӯзҳо одамрабоӣ яке аз хатарноктарин ҷиноятҳо ба ҳисоб меравад, ки ҳуқуқи асосии инсон, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ва ҳам суботи амнияти ҷамъиятиро халалдор месозад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷинояткории фаромиллӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, савдои инсон ва фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфта густариш меёбанд, хатари содиршавии одамрабоӣ низ хусусияти мураккабро касб кардааст, - гуфт Ф. Сафаров.
Донишҷӯёни курси аввал Сураҷ Собиров ва Муртазо Бозоров бо истифода аз слайд баромад намуда, иброз доштанд, ки савдои одамон шакли муосири ғуломдорӣ мебошад, ки зимни он занҳо, мардҳо ва кӯдакон бар хилофи иродаашон барои истисмор харидорӣ, интиқол ва нигоҳ дошта шуда, ин амали номатлуби ҷиноӣ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба ҳуқуқ ва амнияти инсон боқӣ мемонад. Бадбахтона, чандин нафар дар саросари ҷаҳон қурбонии савдои одамон мегарданд.
Муқовимат бо савдои одамон бояд вазифаи ҷонии аҳли башар қарор гирад, вагарна ҳамчун ҷинояти иҷтимоӣ-иқтисодӣ буда, ба он маҷмуи омилҳои дохилӣ ва беруна таъсир мерасонад. Мусаллам аст, ки дар ҷомеаи навин гурӯҳҳои ҷиноятии созмонёфта одамрабоёнро ҳамчун воситаи фишор, талаб намудани маблағ, истифода дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва ё савдои инсон истифода мебаранд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng