Дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, 12-уми феврали соли 2026 дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таҳти унвони “Артиши миллӣ - сипари боэътимоди давлату миллат” бо иштироки намояндагони шурои собиқадорони ҷангу меҳнат, садорати факултет ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Декани факултет Наврӯз Умарзода сараввал перомуни ташаккул ва такомули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва содиқ будан ба Ватан ва арзишҳои миллӣ сухан намуда, афзуд, ки дар шароити имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоламон тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва созандагию бунёдкорӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Дар идома собиқадори хадамоти гумрук, полковник Олимҷон Шомуддинов ба сухан баромад, иброз дошт, ки ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.

Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Сайдалӣ Ҳаитов ёдовар шуд, ки Артиши миллӣ, дар ҳақиқат, зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт.

Дар охири чорабинии идона аз тарафи намояндагони ташкилоти ҷамъиятии умумирусиягии собиқадорони ҷангу меҳнат ва садорати факултет сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия