ҶАЛАСАИ ИЛМИИ ТАДҚИҚОТИИ ДОНИШҶӮЁН
Дар доираи нақшаи тасдиқшудаи раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ 12 феврал дар кафедраи иқтисоди ҷаҳон маҳфили тадқиқотии донишҷӯён дар мавзуи "Таърих ва рушди истеҳсоли ҷаҳонии саноатии литий" доир гардид.
Маҳфилро мудри кафедраи иқтисоди ҷаҳон, дотсент Садриддин Шарипов ифтитоҳ карда, таъкид намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода шароити зарурӣ барои донишҷӯён ва устодон барои машғул шудан ба тадқиқотҳои илмӣ фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти чунин маҳфилҳо як платформаи муҳим барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва рушди малакаҳои амалии суханронӣ дар назди мардум мебошад.
С. Шарипов, инчунин, аҳамияти истеҳсоли литийро, ки дар шароити кунунии гузариши энергетикии ҷаҳонӣ "тиллои сафед"-и иқтисоди ҷаҳонӣ номида мешавад, шарҳ дод.
Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷовидон Халифазода қайд кард, ки рушди донишҳои донишҷӯён самти афзалиятноки стратегияи донишгоҳ мебошад. Чунин маҳфилҳо ба муайян кардани ҷавонони боистеъдод, ҷалби донишҷӯён ба лоиҳаҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани иқтидори умумии зеҳнии донишгоҳ мусоидат мекунанд.
Дар доираи мавзуи асосӣ донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси 1-250103 - иқтисоди ҷаҳон бо маърузаҳо ва гузоришҳо баромад карданд: Г. Гулбекова таҳлили марҳилаҳои таърихии рушди саноати литийро пешниҳод кард. Э. Камолов тамоюлҳои муосир ва ҷуғрофияи истеҳсоли литийро қайд карда, ба кишварҳои "секунҷаи литий" ишора намуд. Н. Шоискандарова бошад, таъсири истеҳсоли литийро ба тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҷанбаҳои экологӣ таҳлил кард.
Донишҷӯён сатҳи баланди омодагӣ, тафаккури интиқодӣ ва дарки амиқи равандҳоеро, ки дар бахши энергетикии ҷаҳонӣ рух медиҳанд, нишон доданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng