Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, рӯзи 12 феврали соли равон дар китобхонаи илмӣ бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дарси тарбиявии намунавӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ - кафили якпорчагии давлат ва таҳкимбахши Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадафи асосии дарсро тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ ва боло бурдани худшиносии миллии ҷавонон арзёбӣ намуданд.

Дарсро ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия, сарпарасти гурӯҳ Гулрухсор Баротова ифтитоҳ намуда, оид ба таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ҳифзи марзу буми Ватан маълумоти муфассал пешниҳод кард. Таъкид гардид, ки Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди давлат буда, ҳамчун сипари устувори Истиқлоли давлатӣ ҷойгоҳ дорад. Он на танҳо ҳомии сарҳадҳо, балки рамзи ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи тоҷик мебошад.

Дар ҷараёни дарс зикр гардид, ки Артиши миллӣ барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, шуҷоатмандӣ ва масъулиятшиносӣ нақши асосӣ дорад. Дастоварду фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ дар тули мавҷудият натиҷаи ҷонфидоии фарзандони боғайрати миллат дар ҳифзи ҳар ваҷаб замин маҳсуб меёбад. Саҳми бузурги Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд, такмил ва мустаҳкамсозии асосҳои сохтори низомии кишвар беназир арзёбӣ гардид. Бо талошҳои хирадмандонаи Пешвои миллат пояҳои давлатдорӣ устувор шуда, омодагии ҷангии Артиши миллӣ дар сатҳи баланд таъмин гардидааст.

Ҳангоми муҳокимаҳо аз ҷониби донишҷӯён таъкид шуд, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Ҳамин тавр, масъалаҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷавонон ба он даъват шуданд, ки ҳушёр бошанд, ба ҳар гуна даъвати иғвоангез ва таблиғоти зидди субот бовар накунанд ва амнияти давлатро аз таҳдидҳо ҳифз намоянд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия