Рӯзи 12 феврали соли равон дар ДДМИТ даври донишгоҳии озмунҳои ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, “Магистранти сол” ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷамъбаст ва номзадии беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ пешбарӣ гардиданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ бахшида, перомуни ҳадафҳо ва шартҳои озмун сухан намуд ва ҳамзамон, афзуд, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди маориф ва дастгирии донишандӯзиву аз худ кардани илмҳои замонавӣ созанда буда, Сарвари давлат дастгирии илм ва маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эътироф намудаанд.

Нисбати ин ду ҷабҳаи ҷудонашаванда, ки яке дигарашро мукаммал мекунад, ба таври мунтазам дар вохӯриву баромадҳои худ бо аҳли илму маориф ва фарҳанг таъкид месозанд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Аз ҳамин лиҳоз, маҳз бо пешниҳоди Президенти мамлакат ҷиҳати тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст. Бинобар ин, айни замон ҳар нафаре, ки ташнаи илму дониш мебошад, бояд баҳри аз худ намудани фанҳои мазкур камари ҳиммат бандад. Озмунҳоеро, ки ҳоло даври донишгоҳии онро мо ҷамъбаст менамоем, маҳз дар доираи ҳамин сиёсати маорифпарваронаву ояндабинонаи Пешвои миллат таъсис ёфтаанд.

Сипас, тибқи Низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” ва “Магистранти сол” миёни донишҷӯён, магистрантон ва докторантон барои дарёфт намудан ва муаррифии истеъдодҳои нодир дар соҳаи илму техника, ки бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, олимону донишандӯзони ҳамаи факултетҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, корҳои ихтироъкарда ва лоиҳаҳои илмии худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.

Дар идома пас аз баҳсу мунозираҳои ҳайати ҳакамони озмунҳои фавқуззикр дар бахши Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои физика-математика Кабиров Абубакр Тиллоевич бо аксари овоз ба даври ҷумҳуриявӣ ҳамчун номзад пешбарӣ гардид.

Ҷоиз ба ёдоварист, ки Абубакр Кабиров собиқаи 45-солаи омӯзгорӣ дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим бо таълифи 4 китоби дарсӣ, 8 васоити таълим, 15 дастури таълимӣ, 3 монография, 1 монографияи дастҷамъона, китоби энсиклопедии “Донишномаи математикаи мактабӣ” ва бештар аз 150 мақолаи илмӣ-методӣ номи худро дар илмҳои дақиқ сабт кардааст.

Ҳамчунин, мавсуф дар самтҳои назарияи функсияҳои тағйирёбандаашон комплексӣ ва методи таълими математика тадқиқоти илмӣ мебарад. Ба қалами ӯ, 3 монография, 20 мақолаи тақризшавандаи КОА, 60 мақолаи илмӣ-методӣ дар маводҳои конференсияҳои байналмилалӣ, 20 мақола дар маводҳои конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 20 мақола дар маводҳои конференсияҳои донишкадавӣ мутааллиқанд.

Ҳамин тариқ, дар бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ донишҷӯи соли дуюми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсонӣ, ихтисоси кибернетикаи иқтисодӣ Абсамадзода Шаҳриёр бо лоиҳаи “Платформаи викторина”, дар бахши фанҳои техникӣ ва технологияҳои иттилоотӣ донишҷӯи соли аввал, ихтисоси технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёти факултети мазкур бо лоиҳаи “Академияи омодасозии донишҷӯён ба бозори меҳнат”, донишҷӯёни ҳамин факултет Шерализода Анӯшервон ва Аламов Самир бо лоиҳаи “Асона академия ва Асона маркет” бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), ҳамчунин, дар бахши ихтироъкорӣ донишҷӯёни соли чорум Сафарова Омина ва Тилабов Нозирҷон бо лоиҳаи усули “Ҳисобкунии пасандоз” ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявии озмунҳо пешбарӣ гардиданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар назди факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсонӣ маҳфилҳои илмиву инноватсионии ихтироъкорони ҷавон бо номи Академия ва Викторина амал менамояд, ки устодон донишҷӯёни соҳиблаёқату навовар ва ихтироъкорро роҳбаладӣ менамоянд ва дар навбати худ, ин донишҷӯёни фаъол аз макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ хонандагони соҳибзавқро ба маҳфил ҷалб намудаанд, ки аз ҳоло таҷриба андӯхтаву дар роҳи ихтироъкориву навоварӣ қадамҳои аввалини худро мегузоранд. Шиори ин навоварон: “Як дарс омӯхтӣ - як нафарро биомӯз!” мебошад.

Дар фароварди ҷамъомад Қутбиддин Муқимов аз номи аҳли раёсати донишгоҳ ба довталабон барору комёбӣ хоста, эълом дошт, ки дар сурати дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби мақом гардидан ҳам худашон ва ҳам роҳбаладони илмияшон аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиравию молиявӣ қадршиносӣ мегарданд.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ