Бо ибтикори кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ 12-уми феврал бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, ки ҳамасола 14-уми феврал дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад, аксияи тарғиботӣ миёни кормандону устодони донишгоҳ доир гардид.

Зимни баргузории ин иқдом, 100 нусха китоби «Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шањри Душанбе дастрас карда шуд, ба раёсати донишгоҳ, садорати факултетҳо, масъулини раёсату шуъбаҳои донишгоҳ ва омӯзгорон тақдим гардид.

Ин иқдом, ҳамзамон, ҷузъи муҳими барномаи 30-солагии донишгоҳ маҳсуб ёфта, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти худогоҳиву худшиносии донишҷӯёну омӯзгорон ва тарғиби ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ дар назар дорад, ки чунин ташаббусҳоро пайваста роҳандозӣ намуда, дар рушду нумуи маънавӣ ва фарҳангии аҳли донишгоҳ саҳми бештар гузорад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия