ТЕРРОРИЗМ - ТАҲДИД БА ТАМОМИ ИНСОНИЯТ
Дар асоси нақшаи кории факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии донишгоҳ санаи 10-уми феврали соли равон дарси сиёсиву тарбиявӣ дар мавзуи «Терроризм - таҳдид ба тамоми инсоният» бо иштироки устодону донишҷўён доир гардид.
Нахуст, декани факултет София Темурбекова қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Ў бо таассуф гуфт, ки дар ин амал баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ даст дошта, барои ташкил ва зиёд шудани ин амалҳои нангин заминагузорӣ мекунанд.
Масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат ёфтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардуми сайёра ва амнияти давлатҳоро халалдор менамояд.
Сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов бошад, дар баромадаш илова кард, ки дар ҳақиқат, экстремизм ва терроризм барои ҳар як ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд. Барои мубориза бо ин зуҳурот танҳо қувваи давлат кофӣ нест, ҳар як шахс, махсусан ҷавонон, бояд масъулиятшинос бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба доми таблиғоти ифротӣ наафтанд.
Барои муборизаи муассир бо ин зуҳуроти хатарнок зарур аст, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз оила то мактаб, аз ниҳодҳои давлатӣ то ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷоя амал кунанд. Танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва рушди маънавиёт метавонем ҷомеаи амн ва мутамаддин бунёд кунем.
Хулоса карда шуд, ки устодон ва донишҷӯёнро зарур аст, ки масъулияти шахсии худро дар ин раванд дарк ва иҷро намоянд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng