Бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳо оид ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм» 10-уми феврали соли равон садорати факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ аз хобгоҳҳои донишҷўён дидан намуданд. Онҳоро дар ин кор кураторон ва гурўҳҳои академӣ ҳамроҳӣ карданд.

Ҳангоми вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони хобгоҳи №1 ва 2 декани факултет Ёрибек Тилабов ва эдвайзери факултет оид ба тарбия Исматулло Ҷумаев ва дигар устодон аз утоқҳои дарстайёркунӣ ва ошхона дидан намуда, ҳангоми вохӯрии судманд аз ҳаводиси ҷаҳони имрўза ёдовар гашта, бо далелҳо ҳаракатҳои экстремистиву террористиро сахт маҳкум карданд.

Ҳамзамон, аз донишҷўён ҳушёру зирак будан ва шомил нагаштан ба ин гуна ҳаракатҳои ихтилофангез ва дар бораи бо худ нигоҳ надоштани силоҳи сард андешаҳо баён намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷавонон, бахусус донишҷӯёни моро лозим аст, ки бештар ба илму адаб, варзиш, касбомӯзӣ эътибор дода, осори таърихии аҷдодонамонро барои такмили донишу ҷаҳонбинии худ истифода баранд ва барои беҳбудии зиндагии халқ ва ободии диёр содиқона хизмат намоянд.

Вохӯрӣ дар фазои озоду дӯстона сурат гирифта, бо пешниҳоди чандин саволҳо аз ҷониби сокинони хобгоҳ ва ҷавобҳои мушаххаси устодон ҳусни анҷом пазируфт.

Тағоймурод ЭШЗОДА