Оид ба ин масъалаи рӯзномаи маҳфил раиси маҳфили илмии донишҷӯён Раҳимӣ А.Ш. баромад намуда, қайд карданд, ки мавзуи махфили имруза дар бораи «Минтақаҳои сайёҳию рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда барандаи он тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати илм ва инноватсия ассистенти кафедра Исломова Г.С. мебошад. Сайёҳӣ дар Тоҷикистон — яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Вобаста ба мавзӯи мазкур донишҷӯёни гурӯҳи 1-24010302 А фаъолона иштирок намуда баромад намудаданд.

Баъд аз анчоми баромадҳо миёни маърӯзачиён ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ сурат гирифт. Маърузачиён ба саволҳои иштирокчиён чавобҳои мушаххас доданд.

Дар музокира мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Нурмаҳмадова Р., мудири кафедраи фанҳои Табиатшиносӣ Мирмуҳаммадзода Р.М.  ва дигарон баромад намуданд.