29-уми сентябри соли равон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсати илм ва инноватсия дар кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Андозситон ва суғуртакунандаи ҷавон» дар мавзуи «Вазъи низоми андоз ва маъмурикунонии он дар шароити рақамикунонӣ» доир гардид.

Маҳфил таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғурта Муминзода Сабурҷон Маҳмад баргузор гардида, дар он устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Маҳфилро мудири кафедраи андозбандӣ ва суғурта, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муродалӣ Ҳусайнов оғоз намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва тақвияти қобилияти таҳлилии онҳо нақши муҳим дорад.

Сипас, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Қадриддин Фатҳиддинзода оид ба аҳамияти баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯён андешаронӣ намуда, зикр кард, ки ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён мебошад.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-25010403 Озода Кенҷаева дар мавзуи «Вазъи низоми андоз ва маъмурикунонии он дар шароити рақамикунонӣ» маъруза намуд.

Зимни маъруза таъкид гардид, ки низоми мусоиди андозбандӣ ва раванди содаю шаффофи маъмурикунонии андоз, аз як тараф, талаботи давлатро ба захираҳои молиявӣ таъмин намуда, аз ҷониби дигар, барои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Давлат сиёсати андозии худро тавассути истифодаи имкониятҳои беҳтар намудани вазъи буҷети давлатӣ ва таъмини суботи иқтисодию иҷтимоии кишвар амалӣ менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, тибқи қонунгузории амалкунанда барои соҳибкорону сармоягузорон имтиёз ва сабукиҳои андозӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар қисмати музокира устодони кафедра Раҳматулло Темуров ва Сабур Муминзода иброз доштанд, ки рақамикунонии маъмурикунонии андоз дар низоми андози миллӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани шаффофият, коҳиш додани хавфҳои андозӣ ва содагардонии раванди ҳисоботдиҳӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ такмили низоми маъмурикунонии андоз ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосири рақамӣ метавонад ба баланд гардидани самаранокии хизматрасониҳои андозӣ ва беҳтар шудани муносибатҳои байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мусоидат намояд.

Дар фарҷоми маҳфил миёни иштирокчиён вобаста ба мавзуи баррасишуда саволу ҷавоб сурат гирифта, донишҷӯён андеша ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои таҳкими дониши касбӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии илмии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия