ШИНОСОӢ БО ШАРОИТИ ЗИСТИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲ
Санаи 29 сентябри соли ҷорӣ А. Сафаров, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ ва М. Ҳусайнов, мудири кафедраи андозбандӣ ва суғурта ва дигар устодони кафедраҳо бо мақсади шиносоӣ бо ҳолу аҳвол, шароити зисту зиндагӣ ва вазъи иҷтимоию маишии донишҷӯён аз хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Устодон бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда суҳбат гузаронида, аз ҳолу аҳвол, шароити зист, масъалаҳои иҷтимоию маишӣ ва раванди таҳсили онҳо пурсон шуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои риояи интизоми донишгоҳӣ, тозагӣ ва тартиботи дохилии хобгоҳ, муносибати байни донишҷӯён ва иштироки онҳо дар раванди таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти суҳбат донишҷӯён оид ба шароити зист ва масъалаҳои мавҷуда фикру пешниҳодҳои худро баён намуданд. Ба донишҷӯён ҷиҳати риояи қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ, нигоҳ доштани тозагӣ, муносибати эҳтиромона бо ҳамдигар ва масъулияти ҷиддӣ нисбат ба таҳсил тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Дар маҷмуъ, боздид имкон дод, ки аз шароити зисту зиндагии донишҷӯён бевосита огоҳ гардида, масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия ва шароити иҷтимоию маишии онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шаванд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng