Чанде қабл дар асоси нақшаи кории раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ 25-уми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯдухтарони курсҳои аввал дарси сиёсиву тарбиявӣ доир гардид.

Дар дарси сиёсиву тарбиявӣ мавзуъҳои «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ», «Терроризм ва хатари он ба ҷомеа», «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ», «Танзим - бақои зиндагӣ» ва «Либоси миллӣ - таҷассумгари фарҳанги миллӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар чорабинии мазкур мутахассиси бахши кор бо духтарону занони ДДМИТ Маҳбуба Ғафорова, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ёрибек Тилабов ва эдвайзери факултет оид ба тарбия Исматулло Ҷумаев баромад намуда, оид ба мавзуъҳои баррасишаванда фикру андешаҳои худро баён карданд.

Терроризм ҳамчун амали номатлуб бо содир намудани амалҳои хушунатомез, аз ҷумла куштори одамон, гаравгонгирӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин алоқаманд аст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон дар самти пешгирии гаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷоми дарси сиёсиву тарбиявӣ аз донишҷӯдухтарон даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм фаъол бошанд, ба доми гурӯҳҳои ифротӣ наафтанд, ҳушёрии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии худро пайваста баланд бардоранд ва дар ҳифзи сулҳу субот ва амнияти ҷомеа саҳм гузоранд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА