Солимии ҷомеа яке аз арзишҳои муҳим ва боигарии воқеии миллат ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати маъмурию хоҷагии ДДМИТ ҳамасола як қатор тадбирҳои санитариву беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои мавсимӣ ва сироятӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар доираи ин тадбирҳо, кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, синфхонаҳо, биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо бо истифода аз маводи махсуси безараргардонӣ коркард мегарданд.

6 июни соли равон аз ҷониби кормандони ташкилоти безараргардонии шаҳри Душанбе утоқҳои хобгоҳҳои рақамҳои 1 ва 2-и донишгоҳ бо пошидани маводи кимиёвии махсус безарар гардонида шуданд.

Муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Диловаршо Муродзода зимни суҳбат иброз дошт, ки тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои сил ва дигар бемориҳои мавсимӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти раёсати маъмурию хоҷагӣ маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо фароҳам овардани шароити мусоиди санитариву беҳдоштӣ ва омода намудани хобгоҳҳо барои истиқомати омӯзгорон ва донишҷӯён мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони ташкилоти безараргардонӣ оид ба аҳамияти корҳои безараргардонӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ маълумоти муфид пешниҳод намуда, ба суолҳои кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён посухҳои мушаххас ва қаноатбахш доданд.

Тағоймурод ЭШЗОДА