6 июни соли равон дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти таълимиву тарбиявӣ дар соли таҳсили 2025-2026 доир гардид.

Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов, декани факултет Мастура Буриева, сармутахассиси раёсати таълим Фаррух Иноятов, намояндаи раёсати илм ва инноватсия ҳайати омӯзгорону кормандони факултет иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷараёни таълим дар факултет мутобиқ ба стандартҳо ва барномаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои олимони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Барои татбиқи самараноки низоми кредитии таҳсилот нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ таҷдид гардида, раванди бақайдгирӣ, интихоби фанҳо ва ташкили дарсҳо мутобиқи талаботи низоми мазкур амалӣ карда мешавад.

Қайд гардид, ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ базаи моддиву техникии факултет мунтазам такмил ёфта, имрӯз 13 синфхона, як толори лексионӣ ва як лабораторияи гумрукӣ барои баргузории машғулиятҳо мавриди истифода қарор доранд. Ҳамчунин, 8 синфхона бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардида, барои истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Айни замон дар факултет 556 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 95 нафар дар шуъбаи буҷавӣ ва 461 нафар дар шуъбаи шартномавӣ мебошанд. Натиҷаҳои сессияи зимистона нишон медиҳанд, ки сатҳи умумии азхудкунии дониш дар факултет ба 96,7 фоиз баробар буда, аз фаъолияти самараноки омӯзгорон ва масъулияти донишҷӯён шаҳодат медиҳад.

Корҳои тарбиявӣ тибқи нақшаҳои соҳавӣ роҳандозӣ шуда, ба тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқию маънавӣ, тарзи ҳаёти солим ва пешгирии зуҳуроти номатлуб равона гардидаанд. Дар ин замина, даҳҳо вохӯрӣ, мизҳои мудаввар, суҳбатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор шудаанд.

Аз ҷумла, чорабиниҳо дар мавзуъҳои «Терроризм ва экстремизм - зуҳуроти номатлуби замони муосир», «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар яки мост», «Пешгирии нашъамандӣ ва одамрабоӣ» ва «Тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ» бо иштироки донишҷӯён ва мутахассисон доир гардидаанд.

Ҳамчунин, 29 ноябри соли 2025 бо ташаббуси факултет конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши мақомоти гумрук дар таъмини самаранокии иқтисоди миллӣ» баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони мақомоти гумрук ва олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа зикр гардид, ки натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки фаъолияти таълимиву тарбиявии факултет дар соли таҳсили 2025-2026 самаранок буда, барои тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст, соҳибкасб ва масъулиятшинос заминаи мусоид фароҳам овардааст.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА