ҶАРАЁНИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ «МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ»
Тавре иттилоъ дода будем, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ ва бо ташаббуси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим аз 4 то 13 июни соли 2026 дар донишгоҳ курси омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» доир мегардад.
Ин курс аз дигар машғулиятҳо ба он фарқ мекунад, ки дар баробари дарстгузаранда, яъне устод Саъдулло Носиров, инчунин, аз ҳисоби шунавандагон бахшҳои дарс тақсим гардида, баҳогузорӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, оғоз, мустаҳкамкунӣ ва ҷамъбасти дарс аз бахшҳоест, ки дар натиҷа, камбудиву пешравиҳо гуфта шуда, пешниҳодҳои судманд карда мешавад.
Дар доираи курс қариб 60 нафар омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ, аз ҷумла ассистентон ва муаллимони калон ҷалб гардида, машғулиятҳо ҳамарӯза аз соати 9:00 то 11:00 идома меёбанд.
Тибқи иттилои масъулин, дар баробари омӯзгорони ба рӯйхат шомилгардида, дигар омӯзгорони хоҳишманд низ метавонанд дар ин курси омӯзишӣ иштирок намуда, пас аз анҷоми он соҳиби сертификат гарданд.
Ба андешаи масъулин, мақсади асосии баргузории курс баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбӣ ва педагогии омӯзгорон, такмили усулҳои таълим, истифодаи технологияҳои муосири омӯзиш ва баланд бардоштани сифати раванди таълим мебошад.
Роҳбарияти донишгоҳ баргузории чунин курсҳоро омили муҳими такмили маҳорати омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим арзёбӣ намуда, барои иштироки фаъолонаи ҳайати омӯзгорон заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng