ҶОЕ, КИ ВАҲДАТ ҲАСТ, СУЛҲУ БАРАКАТ АСТ
Бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 8 июни соли равон дар толори таълимии факултети ҳисобдорӣ ва омор чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат - бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» доир гардид.
Чорабиниро декани факултет Ёрибек Тилабов ифтитоҳ намуда, аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва нақши онро дар таҳкими давлатдории тоҷикон таъкид кард. Сипас, доир ба масъалаҳои ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва таҳдидҳои муосир ибрози назар намуда, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки таъкид менамоянд: «Рӯйдодҳои манфии ҷаҳони имрӯза, аз қабили ифротгароии динӣ, терроризм ва экстремизм боиси осебпазир гардидани амният ва Ваҳдати миллӣ мегарданд».
Зикр гардид, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз ва оғози марҳилаи нави ташаккули давлатдории миллӣ сабт гардидааст. Ваҳдати миллӣ рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи ҷомеа буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш сардори раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ Сиёвуш Ҳабибов, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор Рустам Раҳматзода ва сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова суханронӣ намуда, оид ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ андешаҳои судманд баён карданд.
Таъкид шуд, ки баъди интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин суханронии худ ҳамчун Сарвари давлат гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард». Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор гардида, замина барои рушди устувори Тоҷикистон фароҳам оварда шуд.
Иштирокчиён аз суханронии таърихии Пешвои миллат ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки расидан ба сулҳу ваҳдат роҳи бисёр душвору пурмашаққатро тай кардааст ва ҳифзи ин дастоварди бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Имрӯз Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олӣ ва сарвати бебаҳои миллат барои пешрафти давлат, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Дар шароити ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрванд бояд барои таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти муассиса, садоқат ба касб ва меҳнати софдилона дар роҳи ободиву созандагии Ватани маҳбуб ба панҷ нафар омӯзгорони факултет ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng