Санаи 21-уми ноябри соли равон бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Осим Фарайдунов, устодони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Сараввал, мудири кафедра Г. Ҳусейнова иброз дошт, ки ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, зеро ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ мо буда, нишони истиқлолият, худшиносӣ ва сарбаландии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Сипас, дотсентони кафедра Д. Манучеҳр ва Ш. Раззоқбердиев дар бораи мақому манзалати Парчам баромади пурмуҳтаво намуданд. Гуфта шуд, ки Парчами давлатии мо дар паҳлӯи парчамҳои давлатҳои дунё парафшон аст, ки ин аз мавқеи устувори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Бигзор, ин рамзи муқаддас ҳамеша моро ба ваҳдат, меҳнат ва меҳри Ватан ҳидоят кунад. Ҳар яки мо бояд ифтихори онро дар дил нигоҳ дорем ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад. Бинобар ин, ҳифзи Парчами давлатӣ ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.

Таљлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон њар шањрванди худогоњи моро ба масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва қадршиносии сиёсати созандаи давлат давъват менамояд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия