Дар доираи лоиҳаи “профессори даъватӣ” рӯзи 21-уми ноябр полковники хадамоти гумрук Саидҷаъфар Розиев, корманди Барномаи байналмилалии “АСИКУДА”-и Созмони Милали Муттаҳид дар мавзуи “Рақамикунонии расмиёти гумрукӣ” ба устодону донишҷӯёни факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ машғулият доир намуд.

С. Розииев дар баромади хеш қайд кард, ки рушди босуръати муносибатҳои иқтисодӣ ва тавсеаи гардиши тиҷорати хориҷӣ системаҳои нави рақамӣ, ҳамоҳангсозӣ ва стандартикунонии расмиёти маъмуриро дар соҳаҳои танзими давлатии тиҷорати хориҷӣ тақозо менамояд.

Ҷиҳати ба низоми байниидоравии ҳамгироии иттилоотӣ пайваст шудани мақомоти гумруки кишвар дар асоси созишномаи ҳамкорӣ аз 22 июни соли 2022 дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд амалӣ гардида истодааст.

Ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони донишманд ва ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнати муосир амалигардонии назария бо амалия шарти зарур мебошад. Аз ин лиҳоз, мавриди амал қарор додани Системаи иттилоотии “АСИКУДА” яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти гумрук ба ҳисоб меравад.

Дар муҳокима байни баромадкунанда ва устодону донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия