Санаи 21-уми ноябр бо ташаббуси факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ зери унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!” доир гардид.

Нахуст, декани факулет Мастура Буриева иброз дошт, ки Парчам рамзи давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост. Парчам дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода менамояд.

Сипас, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров қайд кард, ки имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Воқеан ҳам, давлати соҳибистиқлолро бе рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мавсуф зикр дошт, ки ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ бояд аз ин муқаддасот ва доштани Парчами миллии худ ифтихор намояд.

Баъдан, устоди кафедраи забони русӣ Ҷумъа Махшул порчае аз эҷодёти худро бахшида ба Парчами давлатӣ қироат намуд.

Дар идома, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-960101 - хадамоти гумрук Баҳром Файзалиев дар мавзуи “Таърихи Парчами давлатӣ” маърузаи худро дар шакли рӯнамо пешниҳоди ҳозирин намуд.

Ҳамчунин, дар идомаи маҳфили илмӣ-адабӣ як гурӯҳ донишҷӯёни курси якуми факултет дар васфи Ватан ва Парчами давлатӣ шеърҳо қироат намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия