Рӯзи 25-уми ноябр тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, даври донишгоҳии олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» миёни донишҷӯёни ҳафт факултет доир гардид.

Нахуст, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Осим Фурайдунов иброз дошт, ки рӯзҳои 4-5-уми декабри соли равон бо ташаббуси ДДМИТ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» миёни донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мешавад.

Ғолибони олимпиада рӯзи 5-уми декабри соли 2025 дар вазъияти тантанавӣ зимни баргузории як чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия бо диплом, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Сипас, декани факултети молия ва қарз, раиси даври донишгоҳии олимпиада Баҳодур Ҷӯрахонзода афзуд, ки дар баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯён ва омодагии босифат ба даври ҷумҳуриявӣ аҳамияти махсус дорад. Инчунин, баргузории чунин олимпиада ба болоравии сатҳи саводнокии молиявии ҷавонон, рушди малакаҳои таҳлилию амалӣ ва омодагии касбии мутахассисони оянда мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки саволномаҳои олимпиада аз ҷониби гурӯҳи кории масъул таҳия гардида, барои ҳар ду номинатсия - «Амнияти молиявӣ» ва «Маърифати молиявӣ» аз 15 саволи тестӣ ва 5 масъалаи амалии соҳавӣ иборат буда, ба ҳар як ҷавоби дуруст 5 хол муайян карда шудааст.

Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ин факултет Ҷонибек Зубайдов тарзи дуруст пур кардани саволномаҳои тестӣ ва рафти баргузории озмунро ба донишҷӯён фаҳмонд.

Бояд қайд кард, ки саволномаҳои олимпиада аз ҷониби гурӯҳи кории масъул таҳия гардида, барои ҳар ду номинатсия - «Амнияти молиявӣ» ва «Маърифати молиявӣ» аз 15 саволи тестӣ ва 5 масъалаи амалии соҳавӣ иборат буда, ба ҳар як ҷавоби дуруст 5 хол муайян карда шудааст.

Барои таъмини шаффофият ва баҳогузории объективӣ дар факултет ҳайати ҳакамон таъсис дода шуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия