Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо факултети ҳисобдорӣ ва омор, рӯзи 22-юми ноябри соли равон бо иштироки волидайни донишҷӯёни курсҳои 1-4 ҷаласаи васеъ таҳти унвони “Нақши оила дар таҳкими тарбия ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён” доир намуданд.

Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия Ш. Ғафорова, сардори раёсати ташкиливу тарбиявӣ С. Ҳабибов, сармутахассиси ин раёсат М. Давлатова, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Н. Умарзода, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ё. Тилабов, инчунин, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва кураторони гурӯҳҳои академии факултетҳо иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия Ш. Ғафорова ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки донишҷӯён ба илм, касб, шахсияти мустақил ва роҳи ояндаи худ қадам мегузоранд. Дар ин марҳила нақши оила бештар аз ҳар давраи дигар муҳим мебошад.

Декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Н. Умарзода дар бораи таълиму тарбияи донишҷӯён, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ диққат дода, афзуд “Донишҷӯён танҳо ба дониш ниёз надоранд, онҳо ба тарбия ва дасгирии ахлоқӣ низ ниёзмаданд”.

Агар муҳити хона солим, пурмеҳр, тарбиятдиҳанда ва ҳавасмандкунанда бошад, донишҷӯ ҳам дар таҳсил, ҳам дар тарбия ва ҳам дар зиндагӣ муваффақ хоҳад шуд.

Инчунин, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Ё. Тилабов изҳор намуд, ки муҳити ором, муносибати боэҳтиром, дасгирӣ ва фаҳмиш аз ҷониби волидайн ба донишҷӯ қувваи равонӣ мебахшад. Ҳар ҷавон вақте мебинад, ки оила интихоби ӯро мефаҳмад, ҳимоя мекунад ва ба ӯ эътимод дорад, дар таҳсил фаъол, худбовар ва масъулиятшинос мешавад.

Дар анҷом аз ҷониби садорати факултетҳо ба волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ доштанд, Сипосномаҳо супорида шуданд.

 

Шуъбаи итилоот ва нашрия