ДАСТАИ “ҶАВОНӢ”-И ДДМИТ ХОТИРИ АФСАРОНУ АСКАРОНРО БОЛИДА ГАРДОНД
Санаи 26-уми ноябри соли равон муовини ректор оид ба тарбияи ДДМИТ Шаҳноза Ғафорова, кормандони раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ, эдвайзерони ҳамаи факултаҳо ва донишҷўёни курсҳои чорум аз қисми низомии 08010-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дидан намуда, баҳри болидахотирии онҳо барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир карданд.
Роҳбари бахши ҳунарии «Ҷавонӣ»-и донишгоҳ Ҷўрамуроди Муҳаммадназар ва ҳунармандон дар назди аскарону афсарони ин қисм бо барномаи ҷолиби омоданамудаашон хотири ҳозиринро болида намуданд.
Сурудҳо бештар аз эҷодиёти ҳунармандони соҳибмактаб Кароматуллои Қурбон, Аҳмад Зоҳир, Фарҳоди Дарё, Муҳаммад Рафӣ ва оҳангҳои худи Ҷўрамуроди Муҳаммадназар бар ашъори шоирони номвар Хайрандеш ва Сафар Аюбзодаи Маҳзун садо дода, асосан васфи миллату меҳан, дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббати поки инсониро фарогир буданд.
Феълан дастаи ҳунарӣ 23 нафар донишҷўёни боистеъдоди донишгоҳро, ки санъати волои овозхонӣ, раққосӣ, қобилияти ҳаҷвнигорӣ ва шеърхонӣ доранд, сарҷамъ намуда, дар маҳфилу чорабиниҳои фарҳангии таълимгоҳ ва берун аз он баромад намуда, дилҳоро тасхир ва соҳибэҳтиром гардидаанд.
Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng