Нашъамандӣ ақлро заиф ва СПИД инсонро ба марг мерасонад
Бо ташаббуси раёсати ташкилию тарбияивӣ ва раёсати хоҷагидории донишгоҳ 28-уми ноябри соли равон мулоқоти намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Сайлигул Бобоева, мутахассиси бемориҳои ВНМО(СПИД) ва Дилбар Джудашева, мутасаддии машварати тиббӣ бо ҷавонони Маркази саломатии шаҳрии рақами 1 иштирок намуда, дар мавзуи «Нашъамандӣ ақлро заиф ва СПИД инсонро ба марг мерасонад» фикру ақидаҳояшонро иброз намуданд.
Мутахассисони соҳаи тиб зимни баромад қайд намуданд, ки ВНМО бемориест, ки онро барангезандаҳои норасоии масунияти бадан пайдо менамоянд ва танҳо дар ҳуҷайраҳои қувваи муҳофизавӣ инкишоф ёфта метавонад. Ин беморӣ дар аввал нишона надорад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, тайи солҳои 2024-2025 дар ҷумҳурӣ 6060 нафар мубталои ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бадбахтона, аз байни онҳо 1200 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Нуқтаи дигар ин аст, ки инсонҳое аз нашъа бештар истифода мебаранд, ақли заиф дошта, саломатиашонро аз даст медиҳанд ва баъзеашон дар охир ба бемории СПИД гирифтор мешаванд.
Баромадкунандагон, ҳамчунин, дар масъалаи тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирии бемориҳои сил ва нашъамандӣ фикрҳои ҷолиб баён намуда, ба ҳозирин маслиҳатҳои судманд доданд.
Ҳамшираҳои тиббии донишгоҳ Меҳрона Ҳакимова ва Хайринисо Тешаева низ иброз намуданд, ки донишҷӯёни мо чун дигар аъзои ҷомеа дар роҳи пешгирӣ аз ин вабои аср, олудасозии мафкураи ҷавонон ба одатҳои номатлуб, аз қабили нашъамандӣ ҳеҷ вақт дар канор набуданд.
Ҳамчунин, онҳо дар бораи одобу ахлоқи ҷовонон, ояндасозӣ ва нақшаҳои дурнамои ҷавонон ақидаҳои хешро баён намуда, дар бораи интизоми ҷавонон, дастгирии ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва тақвияти масъулиятдории онҳо изҳори ақида намуданд.
Дар охир аз тарафи кормандони тиб ва ҳамшираҳои тиббии донишгоҳ ба донишҷўён варақаҳои таблиғотии пешгирӣ аз бемориҳои ВНМО, сил ва нашъамандӣ тақдим карда шуд.
Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng