Дар доираи нақшаи чорабиниҳо, 29-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ бо вохӯрии волидайни донишҷӯён доир гардид.

Нахуст, декани факултет Мастура Бӯриева дар бораи зарурати ҳамкории донишгоҳу волидон, эҳсоси масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд ва назорати волидон аз болои фарзандон, инчунин, интизом, сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан ва эҳтироми устодони донишгоҳи донишҷӯён суханронӣ кард.

Номбурда, ҳамчунин, таъкид дошт, ки мақсади мо - устодони донишгоҳ хориҷ кардан ё сарзанишу танқид кардани донишҷӯён набуда, балки таълим додан ва дар роҳи илму маърифат тарбия намудани онҳост.

Сипас, Сиёвуш Ҳабибов, сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ, Наҷибуллои Сайвалӣ, мутахассиси бахши ҳуқуқи ДДМИТ баромадҳои пурмуҳтаво намуда, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд ибрози назар намуданд.

Дар анҷом аз ҷониби садорати факултет ба 8 нафар волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доштанд, сипосномаҳо тақдим намуданд.

Гузаронидани чунин вохӯриҳои судманд бо волидайни донишҷӯён яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, бо ин васила, метавон дар баланд бардоштани таълиму тарбияи донишҷӯён саҳм гузошт.

 

Тағоймурод Эшзода