Санаи 29-уми ноябри соли равон бо ташаббуси факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши мақомоти гумрук дар таъмини самаранокии иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.

Ҷиҳати иштирок дар кори ин конференсия ба донишгоҳ Турсунзода Азим Ҳайдар - муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин - сардори Донишкадаи такмили ихтисоси ин хадамот, полковники хадамоти гумрук ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки дар онҳо мутахассисони соҳаи гумрук омода карда мешаванд, ташриф оварданд.

Меҳмононро ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор пешвоз гирифта, ҳузурашонро ба ДДМИТ хушомадед гуфта, онҳоро бо шарту шароитҳои таҳсил, озмоишгоҳҳо, лабораторияҳо, бонки таълимӣ, синфхонаҳои таълимии гумрукӣ ва дастовардҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шинос намуд. Намояндагони Хадамоти гумрук ва ҳайати меҳмонон ба имконоти мавҷуда баҳои баланд доданд.

Ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон аз ҳамкорӣ бо Хадамоти гумрук изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба баҳри густариши омӯзонидани нозукиҳои ихтисоси гумрук ба донишҷӯёни донишгоҳ боз ҳам тақвият дода мешавад.

Дар идома Сатторзода Бобоҷон дар бораи таъсиси факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо мутахассисони ботаҷриба ва ҷалби онҳо ба таълим, имконияту шароитҳои мавҷудаи таълимии муассиса ба меҳмонон иттилоъ дод.

- Дар асоси ин ҳамкориҳо ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои тахассусии омӯзгорон ба донишҷӯён самтҳои гуногуни фаъолияти гумрукӣ ва роҳҳои самараноки истифодаи таҷҳизоти техникии назорати гумрукӣ омӯзонида мешаванд, - афзуд ректор.

Сипас, дар толори конфронсии донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши мақомоти гумрук дар таъмини самаранокии иқтисоди миллӣ» шуруъ гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Вазифаи Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии халқамон ва назорат аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ нигаронида шудааст.

Дар идома Турсунзода Азим Ҳайдар - генерал-майори хадамоти гумрук миннатдории сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмонро ба аҳли устодону кормандони ДДМИТ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва омодасозии мутахассисони сатҳи баланд ва ҷавобгӯи замони муосир расонида, дар бораи ислоҳоти соҳа, Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ сухан ронд.

Ба андешаи мавсуф, Махзани электронӣ дар роҳи сода гардонидани расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қадами муассир гузоштааст.

- Система барои суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ тавассути автоматикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ нигаронида шуда, бо ин роҳ кам кардани хароҷоти маъмурии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва мақомоти давлатиро таъмин менамояд. Ҳамчунин, системаи мазкур ба ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ тавассути ҷамъоварии дурусти пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамояд, - афзуд Азим Турсунзода.

Дар идомаи конфренсияи мазкур Раҷаб Раҷабов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Парадигмаи истифодаи технологияҳои рақамии назорати гумрукии молҳо ва воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон”, Амитабҳ Орипов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши мақомоти гумрук дар таъмини самаранокии иқтисоди миллӣ: ҳолат ва дурнамо”, Раҳимзода Баҳодур Карим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ дар мавзуи “Рақамикунонии низоми гумрукии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди содирот” маъруза намуданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти гумрук ва стандартикунонии расмиёти гумрукӣ аз 1 январи соли 2012 Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона дар мақомоти гумрук роҳандозӣ карда шудааст, ки дар низоми вақти воқеӣ фаъолият намуда, бо ҳамаи воҳидҳои сохтории хадамот пайваст мебошад. Тавассути системаи мазкур, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар шакли электронӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Системаи мазкур шабакаи боэътимод ва ҳимояшавандаи интиқоли маълумотро дар назар дошта, сохтани инфрасохтори ягонаро байни воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук ва дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо ташкили дастрасии истифодабарандагон ба захираҳои марказии махзани маълумот ва таъминоти барномавӣ дарбар мегирад ва он имкон медиҳад, ки назорат аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ дар низоми вақти воқеӣ ба амал бароварда шавад.

Дар идома муҳокима ва саволу ҷавоб сурат гирифта, кори корференсия дар бахшҳо идома ёфт.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ